“Сайёҳони забондон” таърихи Қалъаи Хуҷандро омӯхтанд
Ин навбат маҳфили илмӣ-тарбиявии “Сайёҳони забондон” бо ибтикори кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ дар доираи ҳафтаи илм баргузор гардид.
Дар маҳфил оид ба мавзуъҳои “Аз таърихи Қалъаи Хуҷанд”, “Гулистони ман” ва “Айнӣ – макони бостон”маърӯзаҳо шунида шуда, донишҷӯён бо ҳам мубодилаи афкор намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки маҳфили илмӣ-тарбиявии “Сайёҳони забондон” соли 2017 дар назди кафедра таъсис ёфта, мақсад аз он таҳкими сатҳи забондонӣ ва маълумотнокии донишҷӯён маҳсуб меёбад.
Маркази иттилоот ва таҳлил