​ДДХ: тадбирҳо ҷиҳати мутобиқ шудани китобхона бо раванди технологияҳои муосир

Дар Китобхонаи илмии донишгоҳ ҷиҳати таъмини дастрасии осони хонандагон силсилаи иқдоми муфид ва муҳим ба роҳ монда шудааст. Фаъол шудани саҳифаи Китобхона дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва гуруҳ дар Телеграмм аз зумраи чунин тадбирҳо унвон мешавад, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани маънавиёти донишҷӯён мебошад.

Дилбар Самадова, директори Китобхонаи илмии донишгоҳ мегӯяд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои муосир тақозо мекунад, ки ҳамакнун китобхонаҳо бо китобҳои чопӣ маҳдуд нашуда, ҷиҳати таъмини дастрасии қулайи муштариён аз воситаҳои муосир ва шаклҳои электронии китобҳо кор гиранд.
“Мо дар Фейсбук ва Телеграмм гуруҳи китобхонаро фаъол намудаем, ки дар он ҳамарӯза дар баробари гуфторҳо оид ба китоб ва аҳамияти китобхонӣ, инчунин шаклҳои электронии китобҳо пешниҳод мешавад. Гумон мекунам, ки имрӯз шароите фаро расидааст, ки агар хонанда ба назди мо наояд, мо бояд ба китобхона равем. Ин масъулияти мост ва дар як вақт рисолат низ” – таъкид намуд директори китобхона зимни суҳбат бо Маркази иттилоот ва таҳлил.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати осонтар дохил шудан ба гуруҳҳои интренетии китобхона ҳамзамон QR- коди махсус таъсис дода шудааст, ки барои хонандагон боз ҳам имконияти қулай фароҳам меорад.

Гуфта мешавад, ки масъулини Китобхонаи илмии донишгоҳ бо чунин навгониҳо маҳдуд нашуда, баҳри боз ҳам зиёд намудани теъдоди хонандагон ташаббусҳои судманд роҳандозӣ мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ