​Маҳфили илмӣ-амалӣ

Дар факултети биология ва химия бахшида ба 80-солагии фаъолияти олими соҳаи химия Ҳакимхоҷаев Наҷмиддинхоҷа маҳфил доир гардид.

Ин иқдом аз ҷониби кафедраҳои химияи умумӣ ва методикаи таълими он, кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ ҷиҳати гиромидошти хидматҳои олими шинохта Ҳакимхоҷаев Наҷмиддинхоҷа ба роҳ монда шуд.

Дар маҳфил сардори раёсати илм ва инноватсия Абдуллоев Ромиз, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Саидзода Мушарраф ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Оид ба ҳаёт ва фаъолияти Ҳакимхоҷаев Наҷмиддинхоҷа маълумот дода шуда, ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ