​Нақши конференсияи илмӣ-анаъанавӣ ҷиҳати таҳкими фаъолияти илмӣ

Конференсияи илмӣ-анъанавии устодони кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо бо сарсухани ифтитоҳии декани факултет ифтитоҳ ёфт.

Саттор Рабиев, декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус доир ба таҷлили рӯзи илми тоҷик ва нақшу аҳамияти конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон ва донишҷӯёну магистрантон ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки иштироки фаъолона ва маърӯзагузорӣ дар конфренси илмӣ фаъолияти тадқиқотгорро такмил бахшида, роҳи коркарди паҳлӯҳои нав бо нави илмро муайян мекунад.

Гуфта шуд, ки конференсияи мазкур яке аз тадбирҳои илмии соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ҳамасола баҳри ҳаллу фасли муаммоҳои гуногуни илмӣ нигаронида мешавад.

Мувофиқи барнома 12 маърӯза аз ҷониби устодони кафедра дар мавзӯъҳои гуногун шунида шуд. Пас аз ба итмом расидани маърӯзаҳо баромадҳо таҳлил шуда, маърӯзаҳои беҳтарин муайян шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ