Озмуни кушоди “Замимаҳои мобилӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушд” ҷамъбаст ва ғолибон қадр гаштанд

Озмуни кушодиЗамимаҳои мобилӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушд”, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар якҷоягӣ бо дастгирӣ ва сарпарастии ширкати Tcell, ҶДММ «Душанбе Сити», ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ", ҶСП Бонки «Арванд», ширкати «Сеганҷ», Faberlic ва «Самбусаи Дилписанд» баргузор намуд, ҷамъбаст ва ғолибон тақдиронида шуданд.

Дар чорабинии бошукуҳи идона, ки бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо ҳамроҳии роҳбарон ва намояндагони ширкат ва ташкилотҳои болозикр ғолибонро қадр намуд.

Ҳамин тавр иштирокчиёни фаъоли озмун Фаридун Боронов - донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов бо корти тиллоӣ ва Суҳроб Сулаймонқулов - донишҷӯи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров корт ва туҳфаҳои пулии ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» сарфароз гардонида шуданд.

Дар номинаи «Лоиҳаҳои беҳтарини тадбиқшуда» Иқбол Темирхоҷаев - хонандаи Литсейи физики математикӣ ба номи М. Осимӣ, Хусрав Ӯлмасов - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Нилуфар Раҳматуллоева - корманди Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳвандӣ» беҳтарин дониста шуда, бо бастаи солона ва туҳфаҳои хотиравӣ азҷониби ширкати Tcell қадр гаштанд.

Дар номинаи «Ғояи беҳтарин» Малика Шарифова - донишҷӯи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Саидов - донишҷӯи Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Илхом Солиев - хонандаи Литсейи физики математикӣ ба номи М.Осимӣ ва Шероз Ҷӯраев - донишҷӯи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақомҳои ифтихориро касб намуда, бо туҳфаҳои пулии ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ҳавасманд карда шуданд.

Дар номинаи «Дизайни беҳтарин» ғолибон: Далерҷон Муродӣ - донишҷӯи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Хамитов -хонандаи Литсейи физики математикӣ ба номи М.Осимӣ ва Беҳзод Эшқӯзиев - донишҷӯи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз тарафи ширкати «Сеганҷ» тақдиронида шуданд.

Ғолибони номинатсияи «Лоҳаҳои иттилоотӣ» Шаҳзод Муқимов -хонандаи Гимназияи №1 ба номи А.Нозиров ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Амирхон Исомадинов - донишҷӯи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шаҳзод Назаров – донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо маблағҳои пулии ҶСП Бонки «Арванд» сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин Манучеҳр - хонандаи Литсейи физики математикӣ ба номи М.Осимӣ, Мунир Мирзоев - донишҷӯи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шаҳзодҷон Ҷонизоқов - донишҷӯи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Мӯҳсинҷон Маризоев - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Ҷӯраев Ҳамзилло - донишҷӯи Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои иштироки фаъолона аз ҷониби ҶДММ «Фаберлик-Душанбе» қадр гаштанд.

Хотирнишон месозем, ки Озмуни кушоди “Замимаҳои мобилӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушд” бо ибтикори факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар заминаи солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон эълон карда шудааст, дар ду шакл: онлайн ва офлайн ба роҳ монда шуд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар озмун доираи вазеи донишҷӯён ва хонандагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ шаҳри Душанбе, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ҶДММ «Некст-гурӯҳ», Институти «Ҷамъияти кушода», Ширкати «Ливо», Литсейи физикӣ- математикӣ ба номи М.Осимӣ, Гимназия ба номи Гёте, Гимназияи №1 ба номи А.Нозиров дарноҳияи Б.Ғафуров, кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 шаҳри Истаравшан тариқи онлайн ва офлайн иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ