​Таваҷҷуҳ: Озмуни "Муаррифии китоби беҳтарин"

Китобхонаи марказии Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола санаи 4-уми сентябр таҷлил мегардад, озмуни "Муаррифии китоби беҳтарин" - ро эълон мекунад.

Ҳадаф аз озмуни мазкур ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати китобдӯстии донишҷӯён мебошад.

Шарти озмун: муаррифии ҷолиб ва шавқовари китоби дӯстдоштаи донишҷӯ тариқи хаттӣ дар ҳаҷми то 10 ҷумла.

Афзалият ба ҳамон нафарнее дода мешавад, ки аз ҳама ҷолибтар ин ё он китобро муаррифӣ намуда, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи дигар донишҷӯён ба мутолиаи китоб мусоидат менамоянд. Муҳлати охирини ирсоли мавод 3-уми сентябри соли 2020.

Суроғаи электронӣ:

d-samadova@mail.ru

Ва ё метавонед маводи худро ба қабулгоҳи Китобхонаи марказӣ дастрас намоед.

Ғолибонро туҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ