Афзоиши номгӯ ва шумораи китобҳои Китобхонаи марказии донишгоҳ

Давоми ду моҳи соли равон ба хазинаи Китобхонаи марказии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 51 номгӯ китоб ба миқдори 1007 адад ворид гардид.

Ҳамакнун шумораи умумии китобҳои махзани китобхона маркзӣ 300 ҳазорро убур намуд.

Дилбар Самадова, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ мегӯяд, ғанӣ гардонидани фонди китобхона аз ҳадафҳои муҳими фаъолияти раёсати донишгоҳ маҳсуб ёфта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки ба фонди китобхона китобҳои “Тоҷикон”, “Низоми бонкӣ”, “Психиологияи умумӣ”, “Андоз аз андозбандӣ”, “Муқаддимаи ихтисоси психиологӣ”, “Менеҷмент”, “Тафсири кодекси меҳнат”, “Методикаи таълими забони тоҷикӣ”, “Сабкшиносӣ”, “Сафинаи сухан” ворид гардида, дар назар аст, ки давоми моҳи март бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ китобҳои бадеӣ харидорӣ карда шавад.

“Ҷиҳати ҷалби бештари устодону донишҷӯён ба китобхона аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, кӯшиш дорем, ки дар самти баланд бардоштани маънавиёти муҳассилини донишгоҳ ва афзун намудани нуфузи донишгоҳ ва китбхона ташаббуси заруриро роҳандозӣ намоем”- гуфт Дилбар Самадова, директори китобхона.

Макрази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ