​Хизмати “хирсона”-и иғвогаронаи нафарони сиёҳдили қирғиз!!!

Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ аз қадим миллату халқиятҳои гуногун дар ҳамсоягӣ зиндагонӣ мекарданд. Онон аз як чашмаю сой об менӯшиданд, ба хонаи якдигар равуо мекарданд, дар тӯю тамошо ва маъракаҳои азодорӣ бо ҳамдигар меҳрубонӣ доштанд. Ин хислатҳои наҷиби инсондӯстона аллакай дар ирсияти аҷдодону авлодони оянда нақш бастаасту ягон кас натавонад, ки ин фазилатҳоро аз тинати онон берун кунад. Зеро, ҳамагон хуб медонанд, ки байни миллатҳои тоҷику ӯзбек, ӯзбеку қирғиз, тоҷику қирғиз ва дигар миллату халқиятҳои Осиёи Марказӣ аз қадим сарҳаде вуҷуд надошту онон ба якдигар ба воситаи арӯс овардану арӯсдиҳӣ хешу табор мешуданд. Ин ҳаёти осоиштаю ороми ҷомеаро, ки макони файзу баракот буд, душманони дохилию хориҷӣ, ки дарботинашон сиёҳдилию дасисабозӣ ва бахилию разилӣ бартарӣ дорад, дида натавониста давоми солҳои 1987-2020 кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки байни ин мардуми оддии заҳматкаш тафриқаандозӣ намоянду онҳоро бо якдигар муқобил андозанд, яъне ҷангу ҷиддол орому осоиштагии ононро халалдор созад.

Ғараз аз ин амалҳои нопок соҳиб гаштан ба манфиати иқтисодӣ асту бас. Зеро, дар айёми нооромӣ ва сарсану саргардонии мардум бо ҳар усулу восита соҳиби маблағи муфт шудан осонтар аст. Чунин ҳоли ҳузнангезро солҳои охир дар сар задани муноқишаҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон, хусусан ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи ноҳияи Исфара метавон мушоҳида намуд. Нафарони палиду разили ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон мардуми соддаю зудбовари миллати худро бо нағмаю найрангҳои устокорона фирефта бар зидди ҳамсоягони худ бо сангу каланд, яроқу туфанг ва ғайра метезонанд. Таҳаммулпазириву оқилӣ, раиятпарварию одилии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбек Жеенбековро бароишахсони бомаърифатнамунаи ибрат аст ва мебояд онҳо аз ҳарзагӯиву дасисабозии сиёҳдилон худро канор гиранд ва бо онон тавассути сухану рафтори шоиста муборизаи беамонро ба худ пеша намоянд.

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ