​Пешвои маорифпарвар

Дар таърихи тӯлонии худ миллати тоҷик садҳо абармардонро дар соҳаҳои сиёсат, илм ва фарҳанг парваридааст ва мо имрӯз номи ҳар яке аз он бузургонро бо эҳтиром ба забон оварда, бо мансубияти онҳо ба миллати тоҷик ифтихор дорем. Шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ бо зиндагӣ ва амали неки худ дар сарнавишти ҳар як халқу кишвар нақши равшан гузошта, гузаштаи пурғановати халқу миллати худро барои ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, роҳи имрӯзу фардоро чун машъали фурӯзон нурфишонӣ мекунанд. Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи барҷаста ва маъруфи сиёсии арсаи байналмилалӣ дорои нақшу мақоми хос мебошад. Аз ҷиҳати мустаҳкам шудани истиқлолият ва пояҳои давлатдории тоҷикон ва рушду нумӯъ ёфтани тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар, аз ҷумла соҳаи маориф саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз дар мамлакат соҳаи маориф дар ҳолати рушди рӯзафзун қарор дорад. Президенти кишвар ин омили такондиҳандаи пешрафти иҷтимоиро тавсиф намуда, иброз доштаанд: «фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Сарвари давлат дар бораи вазифаҳо ва ҳадафҳои мактабу маориф сухан ронда, таъкид мекунанд, ки «таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли дилсӯзу ғамхори Ватан, халқу ҷамъият, насле, ки масъулияти фардои Тоҷикистонро ба дӯш гирифта тавонад, вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси сохтори маорифи мост».

Маорифро омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат тавсиф намудани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари таваҷҷӯҳи хосаи он кас ба ин соҳаи муҳим мебошад, ки аз фаъолияти он ҷою мақоми давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ вобаста аст.

Дар тӯли сӣ соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти таълиму тарбия дар баробари ташаккули ҳокимияти сиёсӣ ва тарҳандозии низоми нави иқтисодии кишвар аз рукнҳои бунёдгузори давлатдории миллӣ шинохта шуд. Ҳамбастагии низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ, ин се омиле, ки пояҳои давлатдории навини тоҷиконро устувор гардонид, бо ислоҳоти фарогири соҳаи маориф пайвастагии комил пайдо намуд. Дар консепсияи эъмори ҷомеаи нав, ки Президенти мамлакат тарҳрезӣ намуданд, аз оғоз то имрӯз масъалаи маориф ва таҷдиди низоми омӯзишу парвариш, масъалаи тарбияти зеҳнӣ ва ахлоқии шахсият ба ҳайси омили муҳиме, ки заминаҳои пешрафти давлату миллатро фароҳам меоварад, аз аҳамияти хосае бархурдор буд. Чунон ки Эмомалӣ Раҳмон худ таъкид сохта буданд: «Бояд дар назар дошт, ки муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад.

Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри ХХI мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷӯҳи хос ва масъулияти баланд муносибат намоем. Чунки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва умуман, ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди босуботи таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад».

Ҳар миллат тавассути таълим ва тарбия фарҳанг ва ёдгориҳои маънавии худро ҳифз менамояд, арзиши онҳоро боз болотар мебардорад ва боз ба наслҳои оянда боқӣ мегузорад. Аз назари Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсил ва тарбияи самарабахш он аст, ки ба инсон шоистагӣ ва салоҳияти хосе медиҳад то ҳар амалро тавонад бо эътимоди комил, бо завқу салиқаи баланд ва оқилонаву моҳирона ба анҷом расонад.

Ба таври куллӣ ҳадафи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон тарбият ва ба камол расонидани насле мебошад, ки бо саводу дониш, ахлоқу одоб, ҷаҳонбинию худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо камоли масъулияти ватандорӣ бунёди Тоҷикистони навинро бар дӯши худ бигирад, қодир ба баровардани ормонҳои миллии тоҷикон бошад. Дар воқеъ пайкорҳои маънавии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ офариниши инсонҳои озоду доно ва тавоно, насли созандаю бунёдкорро пайгирӣ менамояд, насле, ки бо қудрати донишу заковат ва фазилату фарҳанги маънавӣ сарсабзиҳои ояндаи миллатро дар масири эҳёи комили мақоми таърихӣ ва ҷаҳонии худ фароҳам меоварад.

Бобоҷонова Мафтуна,

донишҷӯи курси 3, факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ