​Таҳти унвони "Каломи Камол" Ҳафтаи камолхонӣ гузаронида шуд

Дар факултети таҳсилоти ғоибонаи Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" бахшида ба 700-солагии суханвари беҳамтои адабиёти классикӣ Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони "Каломи Камол" Ҳафтаи камолхонӣ ҷараён гирифт.

Тибқи барномаи чорабиниҳо дар давоми ҳафтаи сипаригашта намоиши китобҳо доир ба зиндагӣ ва мероси адабии шоир, озмунҳои "Иншои беҳтарин" ва "Беҳтарин донандаи шеъри Камол", дарс-экскурсия дар мавзӯи "Вижагиҳои шеъри Камоли Хуҷандӣ" дар хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва ҷамъбасти ҳафтаи илмӣ-адабӣ доир гардид.

Ғолибони озмунҳо ва фаъолон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома қадр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ