​Ҷаласаи раёсат: Омодагӣ ба оғози соли нави таҳсили 2020-2021

Ҷаласаи хурди раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷараён гирифт.

Ректори донишгоҳ ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, масъулини сохторҳои раёсат ва садорати факултетҳоро ҷиҳати омодагӣ ба соли нави таҳсили 2020-2021 дар давраи пандемияи сироятии коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти раванди таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ-молиявӣ ва иттилоотӣ-таҳлилӣ вазифагузорӣ намуд.

Дар заминаи иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти №10/5-1224 аз 22.07.2020), бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сироятии коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври дахлдор ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ барои соли таҳсили 2020-2021, ташкили саҳифаҳои махсуси қабули ҳуҷҷатҳои электронии шаҳрвандони хориҷӣ, пешбурди корҳои тарғиботӣ, ташвиқотӣ ва иттилоотӣ, тамдиди фаъолияти курсҳои тайёрӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ то моҳи сентябр, инчунин, муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои аслии шаҳрвандони хориҷӣ, ташкили дарсҳои фосилавӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ ва тамдиди муҳлати таътили онҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Инчунин вобаста ба корҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар оғози соли таҳсили 2020-2021, ба системаи иттилоотии донишгоҳ ворид намудани нақшаҳои таълимӣ ва кории таълимӣ, назорати ҳатмии раванди таҳия ва пешниҳоди саривақтии маводҳои таълимӣ (КТМ, КМРО, муаррифиҳои таълимӣ), тариқи онлайн ба роҳ мондани сессияи тобистонаи донишҷӯёни хориҷӣ, ташкили имтиҳоноти такрорӣ ва аттестатсияи давлатии онҳо, раванди ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимии муҳассилин, таҷдид ва таҳияи “Консепсияи рушди сифати таҳсилот дар донишгоҳ барои солҳои 2020-2024”, аз аккредидатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои амалкунанда, ҳавасмандкунӣ ва қадршиносии муҳаққиқон ва ғайра таъкид гардида, масъулон ҷиҳати татбиқи сифатнокии раванди ҳамаи зинаҳои фаъолияти донишгоҳмуваззаф гардиданд.

Маркази иттиллот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ