​Сиёсатшиносони донишгоҳ Паёми Пешвои миллатро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доданд

Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Рӯзи илми тоҷик” конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Он дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ роҳандозӣ гашт.

Дар он, устодони кафедраи мавриди зикр дар мавзӯҳои “Паёми Пешвои миллат - ҳидоятгари фардои дурахшон”, “Паёми Пешвои миллат - омили муҳими рушди босуботи давлат” ва “Инъикоси самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” маърузаҳо намуданд.

Гуфта шуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳими таҳлилӣ, раҳнамо, дурнамои инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, стратегияву барномаҳои рушди устувори мамлакат тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳамчун ҳадафи олии давлату ҳукумат равона карда шудааст.

Таъкиди ин нукта рафт, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хоссае дорад, зеро бидуни маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли наврас бунёди ҷомеаи солиму мутараққӣ имконнопазир аст. Иброз карда шуд, ки соли сипаришуда ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соли ояндаи 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Илова гашт, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди огоҳ, махсусан аҳли илму маорифро водор месозад, ки дар фаъолияти рӯзмарраи хеш нуктаҳои ироашудаи Паёмро сармашқи кору фаъолият қарор бидиҳад ва баҳри татбиқу амалигардониҳои онҳо масъулияти баланди шаҳрвандӣ эҳсос намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ