​Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар густариши сиёсати давлатии ҷавонон

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат қарор гирифт, ки ин нишони ғамхории роҳбарияти мамлакатро нисбат ба ҷавонон нишон медиҳад.

Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон шароити мусоид фароҳам овард. Вазифаи муҳим пеш аз ҳама ба ҷавонон фаҳмонидани мазмуну моҳияти истиқлолият буд. Дар ин ҷода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд: «…Бояд пеш аз ҳама ҷавонони мо мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд. Зеро инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон дер ё зуд

барои фаҳмидани мазмуни аслии онҳо мекӯшанд. Воқеан донистани ин масъалаҳои тақдирсоз, барои ҷавонон хеле муҳим аст, зеро онҳо, масъулияти бунёди ҷомеаи навинро бар дӯш мегиранд, мақсаду ҳадафҳо ва роҳи пешгирифтаи моро идома медиҳанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».

Саҳифаи навинро дар инкишофи ҳаракати ҷавононҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 1992 “Дар бораи сиёсати давлатии Тоҷикистон” боз намуд.

«Сиёсати давлатии ҷавонон. – қайд карда шудааст дар он, -бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онҳоро мақомоти давдатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳарчи бештар амалӣ гардидани нерӯи эҷодии онҳо барои манфиатҳои тамоми ҷамъият тадбиқ менамоянд»

Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз чумла чавонон ташкил медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии чавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва ичтимоӣ аҳамияти калон дорад.

Ба сиёсати чавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зохир мегардад. Стратегияи мазкур ба шаҳрвандони ҷавони Ҷумҳурии Точикистон аз синни 14 то 30 сола, аз чумла ҷавононе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ карор доранд ва ба оилаҳои ҷавон нигаронида шудааст.

Бинобар он ки қисми асосии аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30 сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи аҳолӣ ба 24,7 сол баробар аст, шаҳрвандони ҷавони мамлакат минбаъд захираи асосии меҳнатии Тоҷикистонро ташкил хоҳанд дод ва фаъолияти меҳнатии онҳо барои таъминоти иҷтимоии кӯдакон, маъюбон ва калонсолон манбаи асосии маблағ маҳсуб меёбад.

Стратегияи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Точикистон (минбаъд-Стратегия) то соли 2020 гаҳия гардида, маҷмӯи самтҳои афзалиятнокро муайян менамояд, ки ба ҷавонон нигаронида шудааст ва вазифаҳоеро фаро мегирад, ки ба иштироки чавонон дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ алоқаманд мебошанд.

Барои таҳияи Стратегияи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис дода шуд. Ба ҳайати ин Шӯрои ҳамоҳангсоз мутахассисони Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ шомил гардиданд. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад.

Ба хотири расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд.

Дар ин давра «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд.

Ин санадҳои муҳими давлатӣ ҷалби ҷавононро ба корҳои созанда вусъат бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон таъмин намуданд, ки ҳамаи ин аз баракати соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст.

Аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрӯз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб беҳтар шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати пешгирифтаи худ ба масъалаи ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда онҳоро ҳамчун давомдиҳандаи наслҳо ва ояндаи миллати тоҷик меҳисобад. Ҳамчунин барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби ҷомеа дар паёмҳои худ ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат супоришҳои махсус медиҳад. Бо дасгирии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҷавонони пуртаҷриба ва лаёқатманд ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин нишонаи таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакатро нисбат ба ҷавонон нишон медиҳад. Баъди ба имзо расидани ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳаёти ҷовонон низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки минбаъд ба эҳсоси ватандӯстиву худшиносии онҳо таъсири мусбии худро расонид.

Баргузоршавии мулоқотҳои сарвари давлат бо ҷавонони кишвар ва тайини Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро низ метавон самараи ин ҳуҷҷати муҳим ва ҳосили ваҳдати миллӣ ҳисобид.

Ҳамин тавр, саҳми Президенти мамлакат дар баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи муосир назаррас буда, пайваста сиёсати давлатии ҷавононро дастгирӣ менамояд. Ҷавонони кишварро низ зарур аст, ки ҷиҳати пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ