​Дифои рисолаҳои илмӣ муборак!

Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-027 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯйи ихтисосҳои 6D010200 – Педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, барои дарёфти дараҷаи номзади илм сармуаллими кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Ғоибов Камолиддин Шарофиддинович дар мавзӯи “Хусусиятҳои педагогии ҳамкории эҷодии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо хонандагон дар раванди таълим” таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сабурӣ Х.М. ва Мамадҷонов Самеъҷон Ҳабибуллоевич дар мавзӯи “Асосҳои рушди қобилияти созмондиҳоии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ дар раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ” таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шаропов Ш.А. аз рӯи ихтисоси 13.00.01- Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ устодони болозикрро барои дифои рисолаҳои илмӣ шодбош намуда, тавфиқи ҳамешагӣ, офият ва саломатии бардавомро орзу менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ