​Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои мо ҷавонон!

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли барои тамоми мардуми шарифи кишвар соли таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолияти кишвари азизамонпешниҳод гардида дар он масъалаҳои ҳалталабу муҳим дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди барассӣ қарор гирифт.

Президенти Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки ҳаллимуаммоҳои соҳаи илму- маориф ва тандурустӣ ҳамавақт дар меҳвари сиёсати ҳукумати кишвар қарор дорад.

Чун ҳамеша зимни ироаи Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, барои беҳтар намудани рушди илм, баланд бардоштани сифати таҳсил, ва дастгири намудани устодону муҳассилини зинаҳои гуногуни таҳсилот, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олӣ эътибори махсус зоҳир гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд, ки барои боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонон ва олимону муҳаққиқон ва инчунин устодону омузгоронба илмҳои риёзиву дақиқ ва табии минбаъд ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери номи “Илм- фурӯғи маърифат” баргузор карда шавад, ки ин низ боз як имконияти хуб барои мо ҷавонон мебошад.

Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии давлатӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷуёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз санаи 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30% зиёд карда шавад.

Дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавононро бори дигар водор месозад, ки баҳри ободиву сарсабзии кишвари маҳбубамон сарҷамъ гашта баҳри пешрафти ҷумҳурии азизамонсаҳми арзанда дошта парчамбардораш бошем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи кишвар ва алалхусус ба мо ҷавонон бори дигар собит намуд, ки ҷи қадар Пешвои муаззами миллати азизамон баҳри пешрафти ҷавонон кушиш ба харҷ намуда истодаанд.

Убайдзода М.З. - магистранти бахши якуми

факултети филологияи рус

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ