​Паём: Барномаи кафолати амнияти ҷомеа ва зиндагии шоиста

Имрӯз дар факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тренинг таҳти унвони “Паём: Барномаи кафолати амнияти ҷомеа ва зиндагии шоиста” баргузор гардид, ки он аз ҷониби номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Фаридун Ҳодибоев гузаронида шуд.

Тренинг бо шарҳу возеҳи иқтибоси Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оғоз гардид:Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.

Чорабинӣ маҳз аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат маншаъ гирифта, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ, китобхонӣ, роҳ надодан ба падидаҳои манфии ҷомеа ва муқовимат бо коррупсия мебошад.

Дар тренинг мафҳумҳои коррупсия, таърихи пайдоиши он, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриву ҷиноятӣ вобаста ба коррупсия, омилҳои сар задан ва таъсири манфии он ба рушди иқтисоду иҷтимоиёт, косташавии ахлоқ, тадбирҳои пешгирикунандаи он ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар он 20 нафар олимони ҷавону донишҷӯён ширкат варзида, хеле фаъолнокӣ нишон дода, тариқи саволу ҷавоб, иҷрои саҳначаҳои тарбиявӣ, бозиҳои шавқовари баландбардории маърифати ҳуқуқӣ ва решакан намудан ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ