​Конфронси илмӣ-адабӣ: “Ахлоқ ва оила”

Дар толори факултети физика ва техника дар мавзӯи“Ахлоқ ва оила, муҳаббат пойдевори оила” конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конфронс бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он баррасии масоили ахлоқии пойдевории оила унвон мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар конфронс Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, роҳбари Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Фирӯза Раҳимӣ, мудири шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Шоҳмирзоев Бахтиёр ва беш аз 300 нафар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар доираи конфронс тибқибарнома 3 нафар устодон оид ба мавзӯироҳҳои пешгирӣ аз вайроншавии оилаҳои ҷавон ва хушунат дар оила маърӯзаипурмӯҳтаво намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ