​Озмуни кушоди “Замимаҳои мобилӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушд” гузаронида шуд

Бо ибтикори факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни кушоди “Замимаҳои мобилӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушд” баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия, профессор Аюбҷон Усмонов сухан карда, гуфт, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Дар ин замина, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар якҷоягӣ бо дастгирӣ васарпарастии ширкати Tcell, ҶДММ «Душанбе Сити», ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ", ҶСП Бонки «Арванд»,ширкати «Сеганҷ», Faberlic ва«Самбусаи Дилписанд» Озмуни кушод таҳти унвони “Замимаҳои мобилӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва рушд”-ро дар ду шакл: онлайн ва офлайн ба роҳ монд. ки то кунун 36 лоиҳа пешниҳод гардидааст.

Пас аз он аз ҷониби иштирокчиён беш аз 30 лоиҳа пешниҳод ва муаррифӣ карда шуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар озмун доираи вазеи донишҷӯён ва хонандагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ шаҳри Душанбе, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ҶДММ «Некст-гурӯҳ», Институти «Ҷамъияти кушода», Ширкати «Ливо», Литсейи физикӣ- математикӣ ба номи М.Осимӣ, Гимназия ба номи Гёте, Гимназияи №1 ба номи А.Нозиров дарноҳияи Б.Ғафуров, кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 шаҳри Истаравшан тариқи онлайн ва офлайн иштирок намуданд.

Баъд аз ҷамъбаст ва натиҷагирӣ ғолибон ва фаъолон бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи сарпарастон тақдиронида мешаванд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ