ДДХ: 2021 соли рушди таҳсилоти фосилавӣ эълон шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 2021 соли рушди таҳсилоти фосилавӣ эълон гардид. Ин ташаббус ҷиҳати рушди таҳсилоти фосилавӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар низоми фолсилавӣ роҳандозӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз эълон шудани соли 2021 соли рушди таҳсилоти фосилавӣ назорати мунтазами раванди таҳсилоти фосилавӣ, мусоидат ба рушди таҳсилоти фосилавӣ ва таъмини донишҷӯён бо маводи таълимӣ-методӣ маҳсуб меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамасола ҷиҳати рушди донишгоҳ ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррас тадбирҳои судманд ба роҳ монда мешавад, ки эълон шудани соли 2021 соли рушди таҳсилоти фосилавӣ аз зумраи онҳост.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ