Семинари омӯзишӣ: Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон

Дар раёсати донишгоҳ семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини ректор оид ба корҳои тарбия, доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Хайёмиддин Исмоилов, роҳбарони созмонҳои кор бо ҷавонон ва Шӯрои духтарони факултетҳои донишгоҳ ширкат намуданд.

Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, профессор Аюб Усмонов доир ба нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати давлатии ҷавононибрози андеша намуд.Ӯ таъкид дошт, ки “Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали Сарвари давлат интихоб гардидан ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пуриқтидор ва созанда такя ва эътимоди қавӣ доранд. Ҳанӯз 2 феврали соли 1993, ки он вақт оташи ҷанг хомӯш нагардида буд, мулоқоти роҳбарияти Тоҷикистон бо ҷавонон баргузор гардид. Нутқи пурмуҳтавои Сарвари давлатба ҷавонон нерӯи тоза бахшида, онҳо бо дарки масъулияти бузурги хеш қавл доданд, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ мекунанд ва дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бо фаъолияти бештаре ширкат меварзанд”.

Сипас мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов сухан карда, гуфт, ки дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат мо ҷавононро водор месозад, ки баҳри пешрафти имрӯзу фардои кишвар ва мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ даҳчанд кӯшиш намоем. Илова гардид, ки ҷавонон чун як қувваи бузург аз тамоми имконияту дастгириҳо истифода намуда, донишу малака ва заковати инсондӯстӣ ва меҳанпарастии хешро бояд қавитар гардонанд ва баҳри пешрафт ва ободии диёр нақши калидӣ гузошта бошанд.

Дар идома байни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ