Машварати корӣ доир ба сабти дарсҳои омӯзгорон

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ноии академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо раёсати таълим ва шуъбаи таҳсилоти фосилавии донишгоҳ дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ бо мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва муовинони декан оид ба таълим машварати корӣ баргузор намуд.

Дар он сардори раёсати таълим, дотсент Муҳиддин Сабуров дар заминаи Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, ҷиҳати сабти дарсҳои омӯзгорон (видеодарсҳо) тавсияҳои судманд ироа намуд.

Ҳамчунин мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, Маҳмадшоҳ Маҳмадшоев ва мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, Илҳом Каримов муҳтавои Дастурамал оид ба ташкил ва ба роҳ мондани сабти дарсҳои видеоӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ тасдиқ шудааст, ба риштаи баррасӣ кашиданд.

Маркази иттилоот ва таҳил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ