​Ҷамшед Ҷӯразода: Ҳадафи мо - беҳтар намудани сифати таълим ва шароити таҳсил

Имрӯз 1-уми декабр, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни таълим ва корҳои ободонӣ, омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021 ва чораҳои андешидашудаи санитарӣ-гигиенӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбии устодону донишҷӯён ба бемории коронавирус аз факултетҳои забонҳои хориҷӣ, забонҳои шарқ, иқтисодӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дидан намуд.

Дар доираи шиносоӣ, масоили гузариш ба низоми нави сиклӣ, таъмини донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ ва дарсазхудкунии онҳо, корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва пешниҳоди тарҳи нави шиору овезаҳо дар долонҳо, шароити таълиму тарбия дар синфхонаҳо, пайвастшавии биноҳои таълимӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ ва ғайра мавриди боздид ва баррасӣ қарор дода шуд.

Роҳбарияти донишгоҳ аз сатҳу сифати раванди таълим ва иштироки донишҷӯён ба машғулиятҳои таълимӣ изҳори қаноатмандӣ карда, аз садорати факултетҳо ва масъулин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати дарс, шароити корӣ, истифодаи мақсадноки техникаю технологияи муосир (аз ҷумла, компютер, Notbook, проектор) дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Илова ба ин, Ҷамшед Ҷӯразода бо устодону донишҷӯён доир ба ҷанбаҳои низоми сиклӣ суҳбати озод карда, гузариш ба раванди таҳсилоти сиклиро, ки яке аз унсурҳои низоми кредитии таҳсилот мебошад, амри табиӣ номид.

Масъулин муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати таъмини давомоти донишҷӯён ба дарс, қайди саривақтии беморон, риояи сару либоси тавсиявӣ, интизом ва ҳолати санитарию эпидемологӣ чораҳои иловагӣ ва мақсаднок андешанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ