Ҷараёни Ҳафтаи илм дар факултети геоэкология

Дар факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-анъанавии устодони бахшида ба "30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ", "20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ", "700-солагии Камоли Хуҷандӣ", "5500-солагии Саразми Бостонӣ" ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.


Дар он устодони факултет доир ба масъалаҳои "Технологияи омӯзишӣ проблемаи дар дарсҳои география", "Гуногуншаклии олами органикии экосистемаҳо", "Тарбияи ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар дарсҳои география", "Иттилоотигардонии таълим ва махсусиятҳои психологӣ-педагогии интегратсия дар дарси геогрфия", "Портфолио ва вазифаҳои порфолиои таълимӣ" ва "Хусусиятҳои асосии ҷойгиршавии аҳолӣ дар мисоли вилояти Суғд" маърӯза карданд.

Пас аз он, иштирокдорон доир ба мавзӯъҳои мавриди зикр табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ