​Дар Суғд мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯдухтарон гузаронида мешавад

Аз 10-ум то 15-уми сентябри соли ҷорӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии кисбии вилояти Суғд дар Маҷмааи варзишии Хуррамшаҳри Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ин иқдом бо мақсади тарғибу ташвиқи намуди варзиши футболи хурд байни бонувон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқи дӯстии донишҷӯён ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ