​Раванди таълим: натиҷа ва нақшаҳо

Соли 2020 баробари дигар соҳоти хоҷагии халқ ҷиҳати рушди соҳаи илму маорифи кишвар низ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёд рӯи кор омаданд. Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, ки аз калонтарин муассисаҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад, татбиқи барнома ва дастурҳои роҳбарияти давлат дар раванди таълим кадом натиҷаҳоро ба бор овардааст? Доир ба ин ва дигар масъалаҳои марбут ба раванди таълим сардори раёсати таълими донишгоҳ, номзади илмҳои химия Муҳиддин Сабуров андешаҳояшро баён кард:

Соли 2020 барои Тоҷикистон марҳалаи муҳими сиёсиву таърихӣ маҳсуб гардида, дар ин давра кишвари азизамон ба пешрафту тараққиёти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву маданӣ ва фарҳангиву илмӣ ноил шуд ва ҷиҳати рушди минбаъдаи самтҳои мухталифи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам омад. Бахусус, дар сатҳи матлуб баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падидаҳои назарраси сиёсиву иҷтимоӣ дар давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки бевосита барои ташаккули минбаъдаи ҳаёти кишвар имконияти мусоид фароҳам овард.

Дар баробари ин, соли 2020 барои соҳаи илму маориф низ аз чанд ҷиҳат соли бобарор буд. Оғози давраи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040), ки қаблан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуда, сипас, бо фармони сарвари давлат дар амал татбиқ гардид, аз падидаҳои фараҳбахши ҳаёти илмии кишвар мебошад.

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати татбиқи ин барномаи муҳим тадбирҳои зиёдеро рӯи кор овард ва ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва тавсеаи тафаккури техникии донишҷӯён замина ва имконоти густурда фароҳам оварда шуд.

Қабули довталабон ба муассисаҳои олӣ тавассути маркази миллии тестӣ, ки аз ташаббусҳои дурбинонаву оқилонаи Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, инак, давоми чанд соли охир амалӣ мешавад, баробари таъмини шаффофият дар раванди дохилшавӣ барои фарогирии бештари довталабон ба мактабҳои олӣ имконияти созгор муҳайё кардааст. Сол аз сол афзоиш ёфтани шумораи дохилшавандагон ин гуфтаро тақвият мебахшад. Масалан, соли таҳсили 2020-2021 ба курси якуми донишгоҳ 3730 нафар донишҷӯ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 445 нафар зиёд мебошанд.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла, 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Давоми давраи ҳисоботӣ теъдоди хатмкардагони шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ 4623 нафарро ташкил дода, аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, ҳимояи корҳои дипломӣ, рисолаи хатм дар сатҳи зарур ҷараён гирифт.

Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ фанҳои таълимӣ тариқи низоми сиклӣ, машғулияти таълимӣ дар ҳаҷми сесоатӣ дар як рӯз ва се баст ташкил ва гузаронида шуданд. Ба хотири риояи қоидаҳои беҳдоштӣ машғулияти таълимӣ ва санҷишҳои ҷориву фосилавӣ барои курси 5-уми шуъбаи ғоибона ба тариқи онлайн гузаронида, таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ (курси 5) дар муассисаҳои таълимии маҳалли зисти донишҷӯён ба роҳ монда шуд.

Дар давраи ҳисобот дар сатҳи кафедраҳо, факултет ва донишгоҳ 495 дарси кушод, аз он ҷумла, 241 дар сатҳи кафедра, 134 дар сатҳи факултет, 120 дар сатҳи донишгоҳ ташкил карда шуданд ва дар 114 машғулияти омӯзгорон ректори донишгоҳ бевосита иштирок кард.

Бо мақсади таҳким бахшидан ба сифати дарс, такмили ҷанбаъҳои илмӣ – методии машғулияти назарӣ, амалӣ, лабораторӣ, корбасти шаклҳои нави дарс, истифодаи усулҳои фаъолу муосир ва ба талаботи замон ҷавобгӯ тасмим гирифта шуд, ки дарсҳои намунавии собиқадорони меҳнат сабт ва тариқи наворҳо дар факултетҳо паҳн карда шаванд. 46 дарси намунавӣ сабт ва ба кафедраҳои донишгоҳ ирсол гардиданд. Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021 барои муҳассилини шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ сабти дарсҳои видеоӣ ҷараён дорад, ки ин ташаббус аз ҷониби устодон ва студияи таълимии “Фурӯғ” амалӣ гардида истодааст. Дарсҳои устодони собиқадор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, мутахассисон барои боз ҳам такмил ёфтани дарсҳои назариву амалӣ, лабораториву мустақилона, сайқали маҳорати омӯзгорӣ ва таъмини салоҳиятнокии донишҷӯён пешниҳодҳои онҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Миёни донишҷӯён ва омӯзгорон гузаронидани пурсиши афкор як василаи муҳимест барои бозбинӣ ва таҳким бахшидани раванди таълим. Пурсиши афкори донишҷӯён бо ду усул: хаттӣ ва тавассути низоми идоракунии иттилоотӣ ба роҳ монда шуд, ки дар он зиёда аз 11500 нафар донишҷӯ ва беш аз 800 нафар омӯзгор иштирок намуда, фикру дархости худро оид ба сифати таълим дар донишгоҳ, ташкили раванди таълим дар магистратура, вазъи қабули санҷишҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва ниҳоӣ дар факултетҳо ва маркази тестӣ, вазъи ташкил ва рафти таҷрибаи омӯзгорӣ, фаъолияти китобхонаи марказии донишгоҳ, муҳити иттилоотӣ, садорати факултетҳо ва сифати машғулияти таълимӣ изҳор намуданд.

Назорати электронии раванди таълим, ҳозиршавии омӯзгорону донишҷӯёнро ба дарс ва рафти машғулияти аудитории факултетҳо пайваста мавриди назорат қарор дошта, мунтазам натиҷабардорӣ мешавад.

Дар самти таҳсилоти фосилавии донишгоҳ аз рӯи 35 ихтисос дар 16 факултет фаъолият ба роҳ монда шудааст.

Давомоти донишҷӯёни донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли хониш ба ҳисоби миёна 96,02%-ро ташкил медиҳад. Айни замон давомоти донишҷўёни донишгоҳ дар ҳафтаҳои таълимии нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 ба ҳисоби миёна 95,2% -ро дар бар мегирад.

Донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ бо 64 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳамкории судманд дорад.

Давоми соли таҳсил донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҷрибаи омӯзгории худро дар мактабҳои миёнаи умумӣ, кӯдакистон ва гимназияҳо ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 2330 донишҷӯ ва дар шуъбаи ғоибона 1065 донишҷӯ ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар шуда, марҳилаи таҷрибаомӯзӣ бомуваффақият ҷамъбаст гардид.

Соли таҳсили 2020-2021 дар факултетҳои донишгоҳ 25 гурӯҳи таҳсилашон бо забони русӣ, як гурӯҳи таҳсилашон бо забони англисӣ ва зиёда аз 20 гурўҳи таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ фаъолият доранд, ки дар таҳкими раванди забономӯзии муҳассилин муосидат хоҳад кард.

Таъсиси ихтисосҳои нав ва мувофиқ ба талаботи замон аз масъалаҳои муҳимест, ки дар мадди назари ҳамешагии раёсати донишгоҳ қарор дорад. Дар ин давра 10 ихтисоси нав таъсис ёфта, барои тайёр намудани кадрҳои тахассусманд заминаи иловагӣ мусоид шуд. Донишгоҳ дар ин самт корбариро давом дода, тасмим ҳаст дар соли таҳсили 2020-2021 22 ихтисоси нав рӯи кор оянд.

Ҷиҳати пурра азхуд намудани барномаҳои таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён татбиқи “Тартиби назорати давомоти донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба роҳ монда шуд.

Дар донишгоҳ барои ворид гардидан ба китобхонаи электронӣ 2000 адад компютер фаъол буда, 1650 адади онҳо ба шабакаи интернет пайваст мебошанд.

Баргузор намудани курсҳои кӯтоҳмуддат ва аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорони донишгоҳ яке аз тадбирҳои муҳим буда, дар ин самт раёсати донишгоҳ бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкории муштаракро ба роҳ мондааст. Дар доираи он бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддат аз рӯи равияи “Танзими ҳуқуқӣ – сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон” баргузор карда шуд ва дар он 28 нафар омӯзгори донишгоҳи мо низ иштирок намуда, соҳиби диплом гардиданд. Ҳамчунин, 12 нафар устодони донишгоҳ аз рӯи равияи иқтисодӣ ва телекоммуникатсия ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Ҷиҳати ҳавасманд гардонидани устодон ташкил ва гузаронидани даври сеюми озмуни “Муаррифии беҳтарин” дар моҳи январи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, ки дар густариши раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати тадрис замимаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Таҳия ва нашри маҷаллаи таълимӣ-методии “Раҳнамои омўзгор” мунтазам ба роҳ монда шудааст, ки фарогири мақолаҳои таълимиву методии устодон мебошад. Айни ҳол шумораи 3-юми маҷаллаи мазкур дар арафаи чоп қарор дорад.

Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълим минбаъд низ раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо олимону устодони муассиса талош ба харҷ медиҳад.

Бознашр аз рӯзномаи

донишгоҳии “Нури маърифат”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ