​Дар заминаи хидматҳои ходими ҷамъиятӣ, профессор Абдуҷалил Бобокалонов конференсия гузаронида шуд

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Профессор Абдуҷалил Бобокалонов – устод, олим, ходими ҷамъиятӣ” бахшида ба 70-солагии Аълочии маорифи Тоҷикистон, Абдуҷалил Бобокалонов бо ширкати намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, устодон, пайвандон ва шогирдону донишҷӯён баргузор гашт.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров ифтитоҳ бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмӣ-омӯзгории профессор Абдуҷалил Бобокалонов сухан карда, риштаи суханро ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода вогузошт, ки номбурда дар бораи зиндагии ибратпазири марҳум баёни андеша намуд. Аз ҷумла гуфт, ки ходими ҷамъиятӣ, профессор Абдуҷалил Бобокалонов дар давоми фаъолияти илмию педагогӣ корҳои назаррасро сомон дода, ҳамчун олими варзида, ному фаъолияти хешро дар саҳифаҳои китоби илми таърихшиносии тоҷик ҳарфҳои заррин сабт кардаанд.

Дар идома, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Иброҳимҷон Ҷабборов, дотсенти кафедраи таърихи умумӣ, Рустам Юлдошев, мудири кафедраи таърихи Ватан ва археология, дотсент Ҷӯрабек Исомитдинов ва пайвандон, дӯстону шогирдон дар масоили “Абдуҷалил Бобокалонов – ходими ҷамъиятӣ”, “Устоди моҳири таълиму тадрис”, “Муҳаққиқи фарҳангу маориф ва таблиғгари сулҳу ваҳдат” ва ғайра баромад карда, аз хислатҳои ҳамидаи марҳум ёдовар гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ