​Ҳафтаи забони англисӣ ва олимпиадаи фаннии факултетӣ аз фанни забони англисӣ барои дарёфти Ҷоми академияи илмҳо ҷамъбаст гардид

Дар факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акадеик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба 20-солагии факултети забонҳои шарқ, ҷамъбасти ҳафтаи забони англисӣ ва олимпиадаи фаннии факултетӣ аз фанни забони англисӣ барои дарёфти Ҷоми академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ–фарҳангӣ баргузор гардид.

Декани факултет, номазади илмҳои филологӣ, дотсент Ислом Раҳмиов сухан карда, гуфт, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ талаботи замон буда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020” ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълими забонҳо нақшаҳои муҳими амалӣ ба роҳ монда шудаанд. Илова гардид, ки чорабинии мазкур бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён ва мустаҳкам кардани сатҳи забономӯзии онҳо ба роҳ монда шудааст.

Пас аз он, донишҷӯён бо малакаву маҳорати хос аз рӯи қироати шеър, сурудхонӣ, рақс ва намоиши саҳначаҳои тарбиявию ахлоқӣ баромад доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи баргузории ҳафтаи забони англисӣ маҳфилҳои гуногун, клуби мубоҳиса ва озмуни заковатсанҷ ба забони англисӣ аз қабили “Дурахши афкори Фаранг”, “Кишваршиносӣ”, “Зарбулмасал ва мақолдони беҳтарин”, “Ҳуруфчини беҳтарин”, “Китобхони беҳтарин” ва дигар чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ омода ва гузаронида шуд. Маҳсул ва натиҷаи маҳфили ҷадид бо унвони “Сайёҳони забондон” ва озмуни “Навори беҳтарин ба забони англисӣ” бо пешкаш намудани намоишҳо аз хусуси ҷойҳои таърихӣ ва тамошобоби Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ ва таому бозиҳои миллӣ диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ