Тавзеҳот ба «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус «COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ё чанд нукта доир ба саволҳои намояндагони расонаҳои иттилоотию истифодабарандагони

шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ

27-уми июли соли 2020 дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тасдиқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус(COVID-19) дар ҶумҳурииТоҷикистон» аз 27.07.2020, №11/19 ба тасвиб расид. Баъд аз ба тасвиб расидани қарори мушовара ҳуҷҷати мазкур дар сомонаи Вазорати маориф ва илм гузошта шуд ва дар асоси он расман эълон гардид, ки аз 17-уми августи соли 2020 дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳо оғоз меёбанд.

Бо вуҷуди он, ки дар «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми паҳлӯҳои масъала равшану возеҳ гуфта шудааст, аммо мушоҳидаҳо нишон дод, ки чанде аз расонаҳои иттилоотӣ онро ба гунаи худ шарҳ дода, миёни мардум, хусусан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ихтилофи назарҳоро ба вуҷуд оварданд.

Боиси нигаронӣ он аст, ки қариб сад дарсади онҳое, ки дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бо диди интиқодӣ сухан карданд, танҳо ба навиштаи ин ё он расона ва ё овозаҳои шунида такя карда, ҳуҷҷати мазкурро умуман мутолиа накардаанд ва чунин пиндоштанд, ки гӯё дарсҳо ҳамагӣ 25 дақиқа идома меёбанд.

Аз ин рӯ, Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар робита ба оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба чанде аз суолҳои хабарнигорон ва ё истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили вақти баргузории дарсҳо, қайди мавзӯъҳо дар журналҳои синфӣ, баргузории дарсҳо вобаста ба мавзӯъҳо тибқи барномаи таълимӣ, тақсимоти чорякҳо ва таътилҳои мавсимӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаштани омӯзгорон, назорати риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани муассисаҳои томактабӣ, ки гӯё барои бархеҳо норавшан боқӣ мондааст, посух гӯяд.

Дар қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тасдиқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус «COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27.07.2020, №11/19ҳуҷҷати дигар – «Вақти баргузори дарс дар муассисаҳои таълимии зинаи умумӣ» замима шудааст, ки дар он низоми дарсҳо аз рӯйи 3 Тавсия нишон дода шудааст ва танҳо Тавсияи 1 мавриди амал қарор мегирад. Яъне, Тавсияи 1 тибқи муқаррарот ва стандарти ҷорӣ буда, дар он гуфта мешавад, ки «Давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа, барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ дар басти якум соати 8:00 оғоз ёфта, соати 12:55 ба анҷом мерасад. Басти дуюм соати 13:10 оғоз шуда, соати 17:55 ба анҷом мерасад.»

Ба таваҷҷуҳи ҳамагон мерасонем, ки дар масъалаи буҷаи вақти дарс ягон тағйирот пешбинӣ нагардидааст. Яъне, дарсҳо мисли ҳарвақта оғоз ёфта, минбаъд низ идома меёбад. Мавзӯъҳои дарсҳо бошанд, дар журналҳои муваққатӣ ҳамчун замима ба журнали асосии соли таҳсили 2019-2020 қайд мегардад. Журнали муваққатӣ метавонад дафтари синфӣ бошад, ки он ба журнали асосӣ дӯхта мешавад. Ҳамчунин, ин барои ҳисоби аниқи дарсҳои давоми соли таҳсили гузашта мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, ин нукта ҳам боиси таъкид аст, дарсҳо аз рӯйи барномаи таълимии тарҳрезишуда мувофиқ ба барнома ва нақшаи таълимӣ роҳандозӣ мегардад. Барномаи мазкур аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм барои 17-31-уми августи соли 2020 таҳия гардида, дастраси сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гардонида шудааст. Барномаи омӯзишӣ барои муассисаҳои таълимие, ки забони таълимашон ғайритоҷикӣ аст, низ омода ва дастраси омӯзгорон гардонда шудааст. Чорякҳо ва таътилҳои мавсимӣ низ тибқи муқаррарот - Низомномаи намунавии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонанд.

Аз муоинаи тиббӣ гузаронидани омӯзгорон дар ҳама ҳолат тибқи Кодекси меҳнат ба роҳ монда шуда, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози муассисаи таълимӣ назорат карда мешавад.

Муҳимтар аз ҳама, такроран ба таваҷҷуҳи ҳамагон мерасонему таъкид менамоем, ки аз 17-уми август дар тамоми муассисаҳои таълимӣ - мактабҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо дарсҳо шурӯъ мегарданд.

Инчунин, дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 11-уми августи соли ҷорӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба тамоми сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф эълон намуд, ки шурӯъ аз 17-уми августи соли ҷорӣ муассисаҳои томактабӣ дар асоси «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ба фаъолият оғоз менамоянд.

Бояд дар назар дошт, ки бурдани кӯдакон ба кӯдакистонҳо ихтиёрӣ буда, падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашонро ба кӯдакистон то ба эътидол омадани вазъият наоранд. Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад.

Ҳамзамон, ёдрас мешавем, ки дар банди 4-уми ҳуҷҷати мазкур “4. Зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъдидпломӣ” таъкид шудааст, ки “Барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар низоми таҳсилоти кредитӣ фаъолият менамоянд, тибқи Стандарту барномаҳои таълимӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 15 соат ва дар як рӯз дар ҳаҷми 3 соат дарсҳои фаъол ташкил ва ба роҳ монда шавад (тибқи талаботи нақшаи таълимӣ дар як нимсолаи таҳсил аз теъдоди умумии 720 соати ҷудогардида 240 соат дарсҳои фаъоли аудиторӣ, 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ва 240 соат кори мустақилонаи донишҷӯ мебошад, ки дар як ҳафта ба 15 соат баробар аст).

Бо мақсади бештар фаро гирифтани донишҷӯён аз синфхонаҳои иловагӣ ва ёрирасон (толорҳои хониш, варзишӣ, китобхона ва амсоли он) истифода бурда шавад. Бо назардошти ҳолати ба амаломада азхудкунии ҳаҷми дарсҳои аудитории мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор тавассути омӯзиши мустақилонаи донишҷӯён пурзӯр карда шавад;

Раванди таълим дар зинаи магистратура ва докторантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар асоси Стандарту барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад.”

Тавре маълум аст, дар қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тасдиқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тавсияҳои умумӣ барои муассисаҳои таълимӣ вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми паҳлуҳои масъала ба хубӣ дарҷ гардидааст. Танҳо ҳамагонро зарур аст, ки онро бо ҷиддият мутолиа намоянд ва ба саволи худ посух пайдо намоянд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ