​Маҳфили илмии "Ҳикмати таърих" баргузор гашт

Имрӯз 30-юми декабр, дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмии муҳаққиқони донишгоҳ "Ҳикмати таърих" баргузор гашт.

Дар он ҳайати профессорону устодони факултети таърих ва ҳуқуқ ва манистрантон иштирок доштанд.

Дар ибтидо, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабурӣ сухан карда, ҳозиринро бо барномаи маҳфил шинос намуд.

Сипас, номзади илмҳои таърих, дотсент, Шавкат Шарифов дар мавзӯи "Ишорае чанд ба чеҳраи аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун инсон, олим ва мутафаккир" маърӯза кард. Шавкат Шарифов доир ба сиришти академик Бобоҷон Ғафуров ва фаъолияти сиёсиву илмии мавсуф сухан ронда, аз гуфтаҳо ва нигоштаҳои олимону арбобони давлативу сиёсӣ ҷиҳати тақвияти андешаҳояш пешниҳод намуд.

Маърузаи дуюми илмии маҳфил аз ҷониби Ҷамолидддин Абдукаримов, муаллими калони факултети таърих ва ҳуқуқ дар мавзӯи "Ғафуровшиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" пешниҳод гардид. Дар ин маърузаи илмӣ Ҷамолидддин Абдукаримов қайд кард, ки дар олимону устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ин самт пажӯҳишҳои назаррасро ба сомон расонида, китобҳои таърихӣ-оммавӣ таҳия ва пешкаш намуда истодаанд.

Ҳамчунин, Масъудҷон Халифаев, омӯзгори кафедраи таърихи Ватан ва археология оид ба “Дастовардҳои муаррихони вилоят ва донишгоҳ дар соли 2020” баромад намуда, дар ин замина асарҳои тозанашрро муаррифӣ намуд.

Баъдан дар заминаи маърузаҳо музокироти иштирокдорон ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ