​Таваҷҷуҳ: Озмуни умумидонишгоҳии “Донишҷӯи сол-2021” гузаронида мешавад

Давоми моҳи марти соли ҷорӣ, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни умумидонишгоҳии “Донишҷӯи сол-2021” аз рӯи равияҳои фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ хабар доданд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нибсат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат, ва ба ин васила, ҷалби онҳо ба донишандӯзиву илмомӯзӣ ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ба роҳ монда шудааст.

Телефон барои маълумот: +992 92 626-22-20

Суроға: ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1, шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, утоқи 113

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ