​Семинар – машварат бо хатмкунандагон

Дар асоси дастури ректори донишгоҳ бо хатмкунандагони факултети забонҳои шарқ семинар-машварат доир гардид.

Дар доираи ин иқдом ба хатмкунандагон оид ба низомномаи таҳияи рисолаи хатм, сохтор, ҳаҷм, қоидаҳои навиштани рисола, уҳдадориҳои роҳбару донишҷӯ маълумоти муфассал дода шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби устодони кафедра дар мавзӯъҳои “Қоидаҳои тартиби рӯйхати адабиёт”, “Усули таҳқиқоти илмӣ” ва “Иқтибос вақоидаҳои истифодаи он” маърӯзаҳо ироа гардид.

Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз семинар-машварати мазкур омода намудани донишҷӯён ба раванди хатми донишгоҳ ва тақвияти корҳои тахассусии хатми онҳо маҳсуб меёбад.

Маркази таҳлил ва иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ