Мафтуна Баротова дар озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори мақоми аввал гардид

3-юми апрели соли 2020, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақолаи публисистӣ дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан – шарафи ҷавонмардист” бахшида ба 27 солагии таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ шуданд.

Ҷойи аввалро дар озмуни мазкур Мафтуна Баротова, донишҷӯи соли сеюми ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғаффуров сазовор гардида, бо диплом ва туҳфаи арзишманд қадр гашт.

Баргузории ҷумҳуриявии беҳтарин мақолаи публисистӣ дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан – шарафи ҷавонмардист” барои баланд бардоштани завқи эҷодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, муқаддасоти миллат, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ва ҳифзу гиромӣ доштани сарзамини биҳиштосо – Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Лозим ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур теъдоди зиёди ҷавонону наврасони эҷодкор ва адибону навқаламон аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуданд, ки аз байни онҳо беҳтаринҳо интихоб ва қадрдонӣ гардониданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ