Қадршиносии донишҷӯён аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо 61 нафар иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" мулоқот намуд.

Дар ин мулоқот устодон ва 9 донишҷӯи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, ки ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" роҳ ёфтаанд, ширкат доштанд.

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дастаи вилояти Суғдро бо "Сертификати иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ"-и озмун ва туҳфаҳои арзишманд қадр намуд.

Тибқи иттилои Боҳир Раҷабов, сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 9 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар бахшҳои хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик(3), хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик(4) ва дар бахши хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон(2) ширкат доранд.

Дар назар аст, ки маросими ҷамъбастии озмун даҳаи дуюми моҳи декабр сурат гирифта, ба ғолибони даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷоизаву туҳфаҳои сомзондодашуда тақдим карда шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ