Оғози конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантон ва донишҷӯёни ДДХ

Ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантон ва донишҷӯён баргузор мешавад.

Дар соли равон, конференсияи мазкур ба санаҳои муҳимми таърихӣ, аз ҷумлаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода ва Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, ки қисми ифтитоҳии он дар факултети саънати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён ҷараён гирифт.

Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода доир ба раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр кардани кадрҳои соҳибунвони илмӣ, дифои рисолаи докторӣ ва рисолаи номзадӣ, дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳо ва ғайра сухан карда, аз ҷумла, қайд намуд, ки баҳри сазовар пешвоз гирифтани Рӯзи илми тоҷик ва ба ин муносибат дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани конференсияи илмӣ-анъанавии устодон ва олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯён, ки ба ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида мешавад, дар донишгоҳ аз санаи 1-уми феврали соли ҷорӣ то санаи 10-уми апрел “Ҳафтаи илм” эълон гардид. “Ҳафтаи илм” мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида 40 рӯз идома ёфта, то ин дам дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ 24 мизи мудаввар, 28 конференсия, 2 конференсияи онлайнӣ, 45 маҳфилҳои илмӣ, 43 семинари илмӣ-назариявӣ, 37 озмун ва 36 чорабиниҳои дигари илмӣ, ки дар маҷмуъ ба 215 – адад чорабиниҳои гуногунанвоъ баргузор гашт.

Дар идома дар мавзӯи “Пешвои миллат ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” – Ҷӯрабек Исомитдинов, мудири кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқ, доир ба “Мирзо Турсунзода – муаррифгари адабиёти тоҷик дар ҷаҳон” – Замира Ӯлмасова, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик ва дар мавриди “Аҳамияти фанҳои дақиқ дар саноатикунонии босуръати кишвар” – Зарифҷон Юсупов, иҷрокунандаи мудири кафедраи электроникаи факултети физикаю техника баромад намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки конференсияи илмӣ-анъанавии апрелӣ 1754 маърӯзаро фаро гирифта, дар бахши устодон 763 маърӯза, бахши докторантону магистрантон 324 маърӯза ва бахши донишҷӯён 667 маърӯза ироа карда мешаванд.

Бахшҳои конференсия масъалаҳои муҳимтарини илми муосирро фаро гирифта, дар он на танҳо олимони варзида, балки муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён низ натиҷаи таҳқиқоти илмии худро пешниҳод намуда, вазифаҳои ояндаи худро муайян менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

https://www.sugd.tj/tj/navidi-sugd/16018-konfrensi...

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ