​Шарҳи “Авесто” дар маҳфили “Хуршеди ховар”

Бо ташаббуси кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии факултети забонҳои шарқ маҳфили “Хуршеди ховар” баргузор гардид.

Дар доираи маҳфил донишҷӯёни ихтисоси форсӣ-англисӣ оид ба таърихи забонҳои эронӣ ва китоби “Авесто” маълумоти муфид доданд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳфил бо роҳбарии дотсенти кафедра Оқилова гузаронида шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштанимаърифати донишҷӯён унвон мешавад.

Перомуни мавзӯи мавриди матраҳ миёни иштирокчиёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ