​Истифодаи усулҳои муосир дар ҷараёни конференсияҳои илмӣ-амалӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 14-уми апрел бахшида ба Рӯзи илми тоҷик силсилаи конференсияҳои илмӣ-амалӣ оғоз гардид.

Дар ин раванд, устодон ва олимони ҷавони факултети физика ва техника дар бахшҳои конференсияи илм-амалӣ бо истифода аз усулҳои муосир ва лабораторияву таҷҳизотҳои техника маърӯза намуда, онро муҳокима ва баррасӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки конференсия дар факултети физика ва техника дар 3 бахш гузаронида шуда, пешниҳоди 38 маърӯза аз ҷониби устодон ва 31 маърӯза аз ҷониби донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Ҳоло дар факултети мазкур зиёда аз 700 донишҷӯ бо таълим фаро гирифта шуда, он бо базаи техникиву лабораторӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ