Мубодилаи афкори олимони ҷавон
Дар факултети филологияи тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба нами академик Бобоҷон Ғафуров” ва Рӯзи илми тоҷик конференсияи докторантону унвонҷӯён баргузор гардид.
Конференсия дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷараён гирифта, 13 докторант ва унвонҷӯ бо истифода аз тахтаи электронӣ маъруза ва дастовардҳои илмии худро муаррифӣ карданд.
Ҳайати устодон Шамсия Ҳомидова муаллифи маърузаи “Мухаммас дар эҷодиёти шоирони асри 20”сазовори ҷойи аввал, М. Ахмедҷонова, Г. Абдуллоева ва Ш. Шарофоваро лоиқи мақомҳои ифтихории баъдӣ донистанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил