​Доир ба муаммоҳои илми тоҷик ва маорифи миллӣ табодули афкор сурат гирифт

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус мизи мудаввар таҳти унвони “Муаммоҳои маорифи миллӣ” бо ширкати унвонҷӯён, докторантон ва магистрантон баргузор гардид.

Дар он, муовини ректор оид ба илм, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хайрулло Сабуров баромад карда, оидба навгониҳои илми муосири тоҷик, талаботҳои нав нисбат ба докторантон ва магистрантон, паҳлӯҳои пажӯҳишҳои илмӣ-тадқиқотӣ, методологияҳои илмӣ иттилоъ дод.

Ҳамчунин, директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣдар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов оид ба муаммоҳои дар самти илми тоҷик ҷойдошта, ибрози ақида намуда, гуфт, ки устодон бояд дар фаъолият аз технологияҳои муосири илмӣ ва педагогӣ бештар истифода баранд ва баҳри пешбурди соҳаи илми педагогӣ саҳмгузор бошанд.

Пас аз он, доир ба муаммоҳои илм ва маорифи миллӣ табодули афкор ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ