Эълони қабули шунавандагон ба курси тайёрӣ

Ба хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таълимӣ расонида мешавад, ки шуъбаи тайёрии тодонишгоҳӣ ва кор бо довталабони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” қабули шунавандагонро аз рӯи ихтисосҳои мухталифи донишгоҳҳои олии кишвар, ки тариқи Маркази милли тестӣ имтиҳони дохилшавиро месупоранд, эълон менамояд.

Шунавандагоне, ки ба курси тайёрӣ номнавис шудаанд, дар як марҳила метавонанд аз 7 фан вобаста ба кластерҳо маълумот гиранд. Шуъбаи тайёрии донишгоҳ аз рӯи 5 кластер довталабонро ба Маркази миллии тестӣ омода мекунад.

Таҳсил дар курси тайёрӣ 6-моҳа ва 3-моҳа буда, тариқи шартномавӣ сурат мегирад. Соати машғулиятҳо дар курси тайёрӣ аз соати 14:00 то 17:00. Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи душанбе то ҷумъа аз соати 9:00 то 16:00 аз моҳи сентябр то моҳи апрел давом медиҳад.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо:

  • Нусхаи шиноснома ё нусхаи зоднома
  • Маълумотнома аз ҷои истиқомат
  • Маълумотнома аз ҷои таҳсил
  • 2 дона расми 3х4
  • Дело (скоросшиватель)
  • Лифофа (конверт)

Суроғаи мо: Микроноҳияи 20-ум, қафои Кохи матбуот, Бинои таълимии № 3, ошёнаи 4-ум утоқи 417-419

Телефон барои тамос: 92-752-01-04, 92-717-06-59

Почтаи электронӣ. taiyori.ddx@mail.ru

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ