ДДХ: Байни донишҷӯдухтарон мусобиқаи варзишии футболи хурд гузаронида шуд

Аз 1-ум то 9-уми марти соли ҷорӣ, байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд баргузор гашт.

Дар мусобиқаи мавриди зикр донишҷӯдухтарони факултети тарбияи ҷисмонӣ мақоми аввалро соҳиб гашта, зинаҳои баъдии ифтихориро факултети филологияи тоҷик ва факултети филологияи рус касб намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки мусобиқаи варзишии мавриди зикр байни донишҷӯдухтарони 18 факултети донишгоҳ бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва факултети тарбияи ҷисмонӣ роҳандозӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ