​Баргузории чорабинии маърифатӣ дар заминаи 5500-солагии Саразм ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

Дар ҳуҷраи маҳфилии кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба Рӯзи илми тоҷик чорабинии илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Дар оғоз, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Равшан Усанов баромад карда, дар бораи ҷашни бузурги фарҳангӣ - 5500 солагии Саразм ҳарф зад. Мавсуф қайд кард, ки 12-28 ноябри 2019 дар Конфронси кулли ЮНЕСКО ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО, ки онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн хоҳанд гирифт, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ бо иттифоқи оро пазируфта шуданд.

Шоёни зикр аст, ки маросими бузургдошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм 12 сентябри соли 2020 таҷлил хоҳад шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми сентябри 2001 Ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм” эълон гардида, 31 июли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз Саразм боздид намуда, бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат дар солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш шуд.

Пас аз он, муаллими кафедра Саидваққосхон Қорихонов таҳти унвони “Камоли Хуҷандӣ номвартарин суханварони тоҷик” баромад намуда, қайд кард, ки қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангофари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷониби эшон пешниҳод гардид, ки соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ аз 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил ба амал оварда шавад. Сарвари давлат дастур доданд, ки оид ба пешниҳоди санадҳои зарурӣ ба Кумитаи оид ба илм, маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Камоли Хуҷандӣ аз ҷумлаи номвартарин суханварони тоҷик аст. Ин бузургмарди миллат дар арсаи байналмилалӣ мақоми хеле баланд дорад ва, бешак, шахсияти ҷаҳонӣ мебошад. Бузургтарин суханварон ин мақоми ӯро эътироф намудаанд. Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ чун шеъри ӯро шунид, фармуд: «Машраби ин бузургвор олист ва суханаш софӣ». Орифону шоирони номвари он рӯзгор ба мисли Муҳаммадширини Мағрибӣ, Исмоили Сисӣ, Зайниддини Хофӣ ҳама эҳтироми ӯро ба ҷо меоварданд ва суҳбаташро ғанимат мешумориданд. Султон Ҳусайни Ҷалоир, Тӯхтамишхон, Мирзо Мироншоҳ ва дигар шоҳу амирони ҷаҳони он давр ба ӯ иродат доштанд. Абдураҳмони Ҷомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҳашрии Табрезӣ ва гурӯҳе аз донишмандони дигар ӯро ягонаи рӯзгор хондаанд ва каломашро оламгир ёд кардаанд. Бештар аз сад нусхаи дастнависи девони ӯ, ғайр аз кишвари мо, дар китобхонаҳои Русия, Олмон, Австрия, Канада, Туркия, Эрон, Ҳинду Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва чанд кишвари дигар мавҷуд аст ва гурӯҳе муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи рӯзгору ашъори ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд.

Баъдан, иштирокдорон дар доири масоили мавриди зикр андешаҳои худро баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ