​“Баҳори орзу” - қадами нахустин дар самти нашри эҷодиёти донишҷӯёни шуъбаи ғоибона

Маҷмӯаи гулчини эҷодиёти хатмкунандагону донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Баҳори орзу” тариқи нашриёти “Нури маърифат” ба нашр расид.

Маҷмӯаи ҳозир ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо гулчини эҷодиёти 22 хатмкунандагону донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ дар анвои гуногуни насрӣ ва назмӣ, аз қабили дубайтиву ғазал, шеъри сапеду қасида, ҳиқояву қисса ва тарона бо зевари табъ ороста шудааст.

Мураттиб ва муаллиф пешгуфтор Маҳмадшоҳ Маҳмадшоев, мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ(ғоибона)-и донишгоҳ менависад, ки мавзӯъҳои интихобкардаи суханварони навроҳ дар ҷодаи эҷод гуногун буда, аз Ватану модар, хулқи накӯи инсонӣ, покии ишқу муҳаббат, истиқлолу ваҳдат, худогоҳию хештаншиносӣ, тасвири манзараҳои дилрабои кишвар, шинохти қадру манзалати устоду раҳнамо ҳарф мезананд.

Дотсент Маҳмадшоҳ Маҳмадшоев дар поёни пешгуфтор менигорад, ки таҳияи маҷмӯаи мазкур қадами нахустин дар ин самт буда, барои дар оянда зиёд гаштани донишҷӯёни эҷодкор заминаи мусоид мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ