Ошноии муовини вазири маориф ва илми кишвар бо раванди таълиму тарбия

Имрӯз 20-уми август, Қодирзода Диловар Баҳриддин, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф овард.

Ташрифи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия ва татбиқи қарору тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19), инчунин тавсияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Қодирзода Диловар Баҳриддин аз раванди таълиму тарбия дар факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва забонҳои шарқи донишгоҳ огоҳ гашта, ҷиҳати пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар донишгоҳ тавсияҳои судманд ироа кард.

Дар идома муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳриддин аз осорхонаи донишгоҳ дидан намуд.

Маркази иттилоот

ва таҳлили донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ