​Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои духтарон

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии Шӯрои духтарон баргузор гардид.

Дар Шӯро мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ - Заррина Рустамова ва донишҷӯёни фаъол иштирок доштанд.

Дар Шӯро якчанд масъалаҳои муҳим мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин хисоботи нимсолаи аввали Шӯрои духтарони донишгоҳ шунида шуд. Ба аъзоёни Шӯро дар самти фаъолияти пурсамари маҳфилҳо дар факултетҳо, таъсиси дастаи духтарони фаъолу эҷодкор дар донишгоҳ, риояи сарулибоси тавсиявӣ аз тарафи донишҷӯдухтарон таклифу пешниҳодҳо дода шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ