​Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии маҳфили тарғиботчиёни ҷавон “Андеша”

Имрӯз 25-уми декабр, дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ҷамъбастии маҳфили доимамалкунандаи тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” баргузор гашт.

Дар он муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба тарбия, профессор Аюбҷон Усмонов ва сардори Маркази иттилоот ва таҳлил, дотсент Фаридун Ҳодибоев ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Хайёмиддин Исмоилов ширкат намуданд.

Дар ибтидо, муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов эътибори ҳайати маҳфилро ба тарғиби арзишҳои солим ва адолатпарастӣ равона карда, гуфт, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишвар метавонем истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳимоя намуда, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта ва нақшаву ҳадафҳои миллиро амалӣ карда бошем.

Номбурда, дар идома ба ҳайати маҳфили доимоамалкунандаи тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” барои меҳнати софдилона ва ҳимоя аз манфиатҳои милливу давлатӣ изҳори сипосмандӣ намуда, умед бар он кард, ки фаъолияти ин маҳфил боз ҳам вусъат ёфта, байни ҷомеа нуфузи бештар пайдо хоҳад кард ва дар баробари фаъолияти самаранок, ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши бориз хоҳад гузошт.

Баъдан як қатор аъзоёни маҳфил барои иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, ташвиқи сиёсати давлатӣ ва саҳм гузоштан дар ҳифзу тарғиби арзишҳои милливу маънавӣ бо Сипосномаи роҳбарияти донишгоҳ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ