​Рӯнамои китобҳо оид ба педагогикаи махсус

Бо ташаббуси «Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ”-и назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ семинар –машварат дар мавзӯи «Рӯнамои китобҳо оид ба педагогикаи махсус» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масоили «Усули ташкили корҳои ислоҳӣ бо кӯдакони ношунаво», «Хусусияти таълиму тарбияи кӯдакони камбудии зеҳнидошта», «Муносибату муошират бо кӯдакони имконияташон маҳдуд» ва ғайра матраҳ гашта, зикр гардид, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва ҳукумати кишвар чораҳои судмандро роҳандозӣ кардааст.

Баъдан, китобҳои тозанашри соҳа рӯнамо гардида, табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ