​Довталаб-2021: Таърих оинаи пурҷилои зиндагист...

1 02 01 01 01 – таҳти ин рамз дар рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтисоси таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омадааст!

Таълим дар ихтисоси мазкур аз рӯи низоми бакалавр (4 сол) сурат мегирад. Шакли таҳсил рӯзона ва фосилавӣ буда, намуди таҳсил ройгон ва шартномавӣ мебошад. Шомили кластери чорум аст.

Бо азхудкунии ин ихтисос донишҷӯён аз таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи худ огоҳ гардида, барои тарбияи насли худшиносу худогоҳ дар оянда хизмат хоҳанд кард.

Хатмкунандагони ихтисоси таърих дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳҳои олӣ, паҷӯҳишгоҳҳои илмӣ, бойгониҳо, осорхонаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият бурда метавонанд.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Бо донишгоҳи мо ояндаи худро дурахшон намо!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ