​Конференсияи илмии устодон ва донишҷӯёни физику технолог

Дар кафедраи электроникаи факултети физикаю техникаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмии устодон ва донишҷӯён бахшида ба солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Рӯзи илми тоҷик бо ҳузури муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Хайрулло Сабуров баргузор гардид.

Дар конфронс 15 маъруза дар бахши устодон ва 12 маъруза дар бахши донишҷӯён шунида шуда, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар натиҷаи хулосаи ҳайати устодон маърузаи сармуаллима Н. Бобоева дар мавзӯи «Идоракунии зеҳнии шахс дар соҳаи тиб» дар бахши устодон ва маърузаи донишҷӯи соли чоруми ихтисоси «МЭҲ» Р. Ӯрунов дар мавзӯи «Сохтани Web саҳифаи кафедраи электроника» дар бахши донишҷӯён, беҳтарин ҳисобида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ