​“Ганҷи сухан” дар остонаи Наврӯз

Нишасти наврӯзии маҳфили “Ганҷи сухан” дар факултети филологияи тоҷики Муассисисаи таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид.

Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи Аҷам муборакбод гуфт.

Дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ” Сорбон Азизов- дотсенти кафедраи адабиёти классикии донишгоҳ доир ба китобҳои тозаинтишор аз қабили “Тоҷикистон Ватани наврӯз аст”, “Поэтикаи ғазалиёти Бедил”, “Аз Бедил то имрӯз” (муаллиф Нуралӣ Нурзод),”Мактаби Камол”,”Юсуф ва Зулайхо”-и Ҷунайдуллои Ҳозиқ. “Сафинат-ул авлиё”-и Муҳаммади Дорошукӯҳ ва ғайра иттилоъ дод. Баъдан дар мавзӯи “Сарнавишти таърихии наврӯзи тоҷикон” Нуралӣ Нурзод - устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баромад намуда, гуфт,ки пайванди ҷашни Наврӯз ба офаринишро метавон ба замони барпоии он аз дергоҳи таърих, ки навъе рамзи эҳёи табиат ва фарорасии айёми шукуфоиву бедории аносири табиӣ ва амсоли ин дониста мешуд, марбут донист, ки дар сароғози маърифати гоҳшумории мардумони ориётабор, ҳатто аз рӯзгорони аз ду фасл таркиб ёфтани як сол, яъне баҳору хазон қарор дошта. Шояд ҳамин омили барҷастаи ҳулули андешаҳои ниёкони мо бо маърифати офариниш ва асолати зуҳури Наврӯз омил омада, ки баъдан дар фарҳанги динӣ низ ин ҷашни бедориву шукуфоии табиат ва оини шодиҳо ба хилқати инсон ҳам пайванд касб намуд.

Асолати Наврӯз чун ҷашни маҷмӯи шодиву сафо, бедориву иқдом дар халқи васоиле, ки инсоният берун аз ҳама маҳдудаҳои фикриву ақидавӣ ва сувариву ирқӣ бар он ниёз доранд, омил дар истиқболи он аз сӯи тамомии башарият ва пайванд бахшидани асли зуҳури он бо фалсафаи офариниш гардид.

Ҳамин вежагиҳои хоси Наврӯз, чун ҷашни оғоз ва шурӯъи зиндагонии табиат бо гузашти як сол дар қаламрави замин рабти онро ба фалсафаи офариниши инсон низ марбут гардонид ва дар натиҷа эътиқоде эҷод гардид, ки чун олам дар шаш лаҳза ё ба таъбири куҳан гоҳанбор офарида шуда, дар охирин аз ин замонҳо хилқати инсон сурат гирифта, пасон зиндагонии башарият оғоз ёфт, ҳамон рӯзро ба унвони сароғози рӯзгори инсонӣ дар рӯи замин, рӯзи шурӯъи ҳастӣ хонданд ва пайваста ба таҷлили он чун ҷашни Наврӯз пардохтанд. Нуралӣ Нурзод дар фарҷоми суҳбат як шеъри наврӯзии худро ба ҳозирин ҳадя намуд.

Баҳроми Раҳматзод - номзади илмҳои филология, директори Муассисаи давлатии ”Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” таҳти унвони “Санадҳои тоза аз зиндагӣ ва рӯзгори Камоли Хуҷандӣ” маърӯза дошта, перомуни ҳаёт ва фаъолияти шоир чанд матолиби тозаро аз сарчашмаҳои илмиву адабӣ иброз намуд.

Аз “Минбари шеър” адибон Абдуфаттоҳ Кулолӣ ва Фарзонаи Зарафшонӣ шеърҳои нави худро қироат намуданд.

Суҳбати дилнишини шоирон ба маҳфил таровати тоза эҳдо кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ