​Тақдими дипломҳои дараҷаи илмӣ ва қадршиносии устодон

Дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба як қатор устодон шаҳодатномаҳои дараҷаи илмӣ, диплом ва ифтихорнома тақдим гардид.

Аз ҷумла, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба Мамараҳим Исмоилов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи назарияи иқтисодии факултети иқтисодӣ шаҳодатномаи нишон ва сертификати Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия оид ба додани унвони фахрии арбоби шоистаи илм ва техникаи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия эҳдо намуд.

Инчунин ба Мавҷуда Джураева, сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ, ба Феруза Абукаримова сармуаллимаи кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ, ба Мухбира Шарипова муаллимаи кафедраи технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ ва ба Шоира Ҳакимова, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик шаҳодатномаи дотсент аз рӯи ихтисоси забоншиносӣ тақдим гашт.

Дар идома ба Муҳаббат Тиллохоҷаева, декани факултети филологияи тоҷик шаҳодатнома ва нишони аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Дилором Абдуллозода, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити факултети иқтисодӣ ва Додахон Ғуфронов, мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълими они факултети геоэкология шаҳодатнома ва нишони аълочии Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Шаҳло Дӯсматова, декани факултети филологияи рус ва Ҳусайн Зайтметов, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети тапсихология ва таҳсилоти томактабӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гаштанд.



Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ